Оғози кор
Истифодаи чӯткаи дандоншӯии барқии «Philips
Sonicare»
Барномаи Sonicare маълумоти аз ҷониби сенсорҳои
оқилона пешниҳодшударо ҷамъоварӣ мекунад ва
одатҳои тозакунии Шуморо бо мурури замон пайгирӣ
мекунад.
1 Сараки чӯткаро рост кунед, то ки лифи чӯтка ба
самти пеши дастак баробар шавад.
2 Сараки чӯткаро ба меҳвари металлӣ то сатҳи поён
сахт пахш кунед.
Тавзеҳ: Дар байни сараки чӯтка ва дастаки он каме
фосила дидан муқаррарӣ аст.
Агар шумо чӯткаи дандоншӯии «Sonicare»-ро бори
аввал истифода баред, одатан, шумо нисбат ба
истифодаи чӯткаи дандоншӯии ғайрибарқӣ ларзиши
зиёдро ҳис мекунед. Барои истифодабарандагони
бори аввал аз ҳад зиёд фишор овардан як кори
маъмул аст. Танҳо фишори нармро истифода баред
ва имкон диҳед, ки худи чӯткаи дандоншӯӣ дандонҳои
шуморо тоза кунад. Лутфан, барои таҷрибаи беҳтарин
дастурҳои дандоншӯии зеринро риоя кунед.
Барои гузаштан ба чӯткаи дандоншӯии барқии
«Sonicare»-и нав, танзимоти пасттарро ба муддати 1-2
ҳафта истифода баред ва сипас ба танзимоти
баландтар гузаред.
743
Тоҷикӣ