Шароити нигоҳдорӣ ва боркашонӣ
Майдонҳои электромагнитӣ (EMF)
Дастури Таъминоти Радио
-
Агар маҳсул ғайриоддӣ гарм ё бадбӯй шуда
бошад, ё рангро иваз кунад ё зарядро ба муддати
хеле дароз гирад, истифода ва зарядкунии онро
қатъ намуда, бо Philips дар тамос шавед.
-
Маҳсулот ва батареяҳои онро ба танӯрҳои
кутоҳмавҷ ё тахтасанги электрикӣ нагузоред.
-
Маҳсул ё батареяро накушоед, тағйир надиҳед,
сӯрох ё вайрон накунед, қисмҳои онро ҷудо
накунед, то ки батареяҳо гарм нашаванд ё
моддаҳои заҳрнок ё хатарнок аз онҳо набароянд.
Батареяҳоро бо барқ аз ҳад зиёд ё баръакс заряд
надиҳед ё расиши кутоҳ накунед.
-
Вақте ки батареяҳо вайронанд ё мечаканд, онҳоро
аз пӯст ё чашмҳо дур нигоҳ доред. Агар ба чашм ё
пӯст расад, бо об шӯед ва ба табиб муроҷиат
намоед.
-
Дастгоҳи мазкур дорои батареяҳо мебошад, ки
иваз карда намешаванд. Вақте ки муҳлати кори
батарея ба анҷом мерасад, дастгоҳ бояд ба таври
муносиб аз истифода бароварда шавад, ба
қисмати «Истифодаи партовҳо» нигаред.
Ҳарорат аз -10°C то 60°C.
Ин таҷҳизоти Philips ба ҳамаи стандартҳо ва санадҳои
меъёрии марбут ба нуфузи майдонҳои
электромагнитӣ мутобиқат мекунад.
Ҳамин тариқ, Philips эълон мекунад, ки чуткаҳои
дандоншӯии барқӣ бо навъи таҷҳизоти радиоӣ
(Bluetooth, NFC) таъмин шуда, ба Дастури 2014/53/EU
мувофиқат мекунанд.
-
Интерфейси радиобасомади Bluetooth дар
маҳсулоти мувофиқ дар 2,4 GHz кор мекунад.
-
Қувваи барориши ҳадди аксари таҷҳизоти
Bluetooth ба 3 dBm баробар аст.
-
Интерфейси радиобасомади NFC дар маҳсулоти
мувофиқ дар 13,56 MHz кор мекунад.
739
Тоҷикӣ