692
Тоҷикӣ
-
Полои обии «AquaClean» CA6903
-
Равғани гурӯҳи тайёркунии қаҳва HD5061
-
Воситаҳои тозакунанда аз равғани қаҳва CA6704
-
Тозакунандаи қунҷҳои низоми шир CA6705
-
Маҷмӯаи нигоҳдорӣ CA6707
Навсозиҳои нармафзор
Барои муҳофизат кардани махфияти худ ва таъмин кардани кори дурусти дастгоҳи қаҳва, навсозӣ
кардани нармафзор ҳеле муҳим аст. Мувофиқи танзимоти шумо дастгоҳи қаҳва метавонад ба таври
дастӣ ё ба таври худкор навсозӣ карда шавад.
Вақте ки шумо навсозиҳои худкорро интихоб мекунед, мутмаин шавед, ки дастгоҳи шумо дар вақти
шаб инчунин ба барқваслак пайваст аст ва Wi-Fi фаъол аст, то ки дастгоҳ тавонад навсозиҳоро
ҳангоми шаб қабул кунад.
Навсозиҳо дастрас мешаванд вақте ки нармафзор такмил дода мешавад, хусусиятҳои нави дастгоҳ
пайдо мешаванд, ва барои пешгирӣ кардани пайдоиши мушкилиҳои имконпазири бехатарӣ.
Навсозиҳои муҳим барои нармафзори доимӣ ба таври худкор оғоз карда мешаванд вақте ки
дастгоҳи қаҳва дар реҷаи интизорӣ кор мекунад. Ҳангоми навсозӣ кардани нармафзори доимӣ,
дастгоҳи қаҳва истифода бурда намешавад.
Ҷустуҷӯ ва ислоҳи нуқсонҳо
Ин боб мушкилоти маъмултаринеро, ки шумо бо дастгоҳ дучор меоед, ҷамъбаст мекунад. Видеоҳои
дастгирӣ ва рӯйхати пурраи саволҳои роиҷ дар сомонаи www.saeco.com/care дастрасанд. Агар
шумо натавонед, ки мушкилотро ҳал намоед, бо Маркази хизматрасонии истеъмолкунандагон дар
кишвари худ дар тамос шавед. Барои тафсилоти тамос, ба варақчаи кафолат нигаред.
Носозӣ
Дар дастгоҳи қаҳваи
нави ман боқимондаҳои
қаҳва пайдо шудаанд.
Дастгоҳи қаҳва дар
реҷаи «DEMO» қарор
дорад.
Табақча барои қатраҳо
хеле тез пур мешавад /
дар табақча барои
қатраҳо ҳамеша каме об
боқӣ мемонад.
Нишони «Тозакунии
қуттии дурдаи қаҳва»
фаъол аст.
Сабаб
Ҳангоми санҷиши ин дастгоҳ мо
қаҳваи ҳақиқиро истифода
кардем.
Шумо нишони реҷаи
интизориро ба муддати зиёда
аз 8 сония пахш кардед.
Ин оддӣ аст. Барои тозакунии
кунҷҳои дастгоҳ ва гурӯҳи
тайёркунии қаҳва дастгоҳ аз об
истифода мебарад. Як қисми об
аз дохили низоми дарунӣ рост
ба табақча барои қатраҳо
ҷараён мекунад.
Шумо қуттии дурдаи қаҳваро
тоза кардед, вақте ки дастгоҳ аз
барқваслақ ҷудо шуда буд, ё
онро хеле тез ҷойгир кардед.
Ҳалли мушкилот
Мо дастгоҳи қаҳваро ғамхорона тоза
кардем, аммо дар он ҳиссачаҳои қаҳва
метавонанд боқӣ монанд. Бо вуҷуди ин,
дастгоҳ комилан нав аст.
Бо ҷудокунии сими барқ аз барқваслак
ва аз нав васл кардани он, дастгоҳро
хомӯш карда, аз нав фаъол намоед.
Табақчаи барои қатраҳоро ҳар рӯз холӣ
кунед ё дарҳол вақте ки
нишондиҳандаи сурхи «Пуршавии
табақча барои қатраҳо» аз сарпӯши
табақча барои қатраҳо пайдо мешавад.
Маслиҳат: пиёларо дар зери даҳанаи
диҳиши қаҳва ҷойгир кунед, то ҷараёни
об ҷамъ карда шавад.
Қуттии дурдаи қаҳваро ҷудо кунед, 5
сония интизор шавед ва пас онро аз нав
ҷойгир намоед.