Télécharger Imprimer la page

Philips SONICARE HX9911/88 Mode D'emploi page 728

Publicité

BrushPacer
Реҷаҳо
5 Барои тоза кардани сатҳҳои дарунии дандонҳои
пеш, дастаки чӯткаро нимамудӣ хам кунед ва дар
ҳар як дандон чанд зарбаи амудии якхеларо
анҷом диҳед.
6 Пас аз анҷом додани давраи дандоншӯӣ, шумо
метавонед вақти иловагиро барои тоза кардани
сатҳи хояндаи дандонҳо ва ҷойҳое, ки дар он
доғҳо пайдо мешаванд, сарф кунед. Шумо
инчунин метавонед забони худро бо чӯткаи
дандoншӯии фаъол ё ғайрифаъолшуда ба таври
дилхоҳ тоза кунед.
Шарҳ: Чӯткаи дандоншӯии «Philips Sonicare»-и шумо
барои истифода дар брекетҳо (лифҳои чӯтка ҳангоми
истифода дар брекетҳо тез фарсуда мешаванд) ва
таъмири дандонҳо (пломбаҳо, ғилофакҳо, винирҳо)
бехатар аст, агар онҳо ба таври дуруст гузошта
шудаанд ва вайроншуда намебошанд.
Барои итминон, ки шумо дар тамоми даҳон яксон
шӯстушӯӣ кардед, даҳони худро бо истифода аз
хусусияти «Quadpacer» ба 6 қисм тақсим кунед.
«BrushPacer» вақти дандоншӯиро ба 6 қисми баробар
ҷудо мекунад ва нишон медиҳад, ки кадом вақт шумо
бояд чӯткаро ба минтақаи дигар ҳаракат кунед.
Қисмҳо тавассути таваққуфи кӯтоҳ ҳангоми ларзиш
муайян карда мешаванд. Чӯткаи дандоншӯӣ дар
охири раванди дандоншуӣ ба таври худкор таваққуф
мешавад.
Тавзеҳ: Қисмҳои иловагӣ метавонанд илова карда
шаванд, вақте ки шумо аз реҷаҳои «White+» ё «Gum
Health» истифода мебаред.
Чӯткаи дандоншӯии Шумо бо 4 намуди реҷаи гуногун
таъмин шудааст: «Clean», «White+», «Gum Health» ва
«Deep Clean+». Дар асоси сараки чӯткаи оқилонаи
истфодашавандаи Шумо, реҷа ва шиддати оптималӣ
тавассути технологияи BrushSync ба таври худкор
интихоб карда мешавад. Барои иваз кардани реҷаҳо,
727
Тоҷикӣ

Publicité

loading

Ce manuel est également adapté pour:

Sonicare 9000 diamondcleanSonicare 9000 serie