Дастурҳо оид ба бехатарии батарея
-
Дастгоҳи мазкур дорои батареяҳои ивазшаванда
мебошад, ки метавонанд танҳо бо мутахассисон
иваз карда шаванд.
-
Маҳсулотро танҳо мувофиқи мақсад истифода
баред. Пеш аз истифодаи маҳсулот, батареяҳо ва
замимаҳои он, ин маълумотро бодиққат мутолиа
кунед ва онро барои истинод дар оянда нигоҳ
доред. Истифодаи нодуруст метавонад ба хатарҳо
ё ҷароҳатҳои ҷиддӣ оварда расонад. Лавозимоти
таъминшаванда барои маҳсулоти гуногун фарқ
мекунад.
-
Танҳо лавозимоти ва маводи масрафии аслии
Philips-ро истифода баред. Танҳо аз таҷҳизоти
ҷудошавандаи HX6110 истифода баред
-
Маҳсул ё батареяҳоро аз оташ дур нигоҳ доред ва
онҳоро ба шуоъи мустақими офтоб ё ҳароратҳои
баланд нагузоред.
-
Агар маҳсул ғайриоддӣ гарм ё бадбӯй шуда
бошад, ё рангро иваз кунад ё зарядро ба муддати
хеле дароз гирад, истифода ва зарядкунии онро
қатъ намуда, бо Philips дар тамос шавед.
-
Маҳсулот ва батареяҳои онро ба танӯрҳои
кутоҳмавҷ ё тахтасанги электрикӣ нагузоред.
-
Маҳсул ё батареяро накушоед, тағйир надиҳед,
сӯрох ё вайрон накунед, қисмҳои онро ҷудо
накунед, то ки батареяҳо гарм нашаванд ё
моддаҳои заҳрнок ё хатарнок аз онҳо набароянд.
Батареяҳоро бо барқ аз ҳад зиёд ё баръакс заряд
надиҳед ё расиши кутоҳ накунед.
-
Дастгоҳи мазкур дорои батареяҳо мебошад, ки
иваз карда намешаванд. Вақте ки муҳлати кори
батарея ба анҷом мерасад, дастгоҳ бояд ба таври
муносиб аз истифода бароварда шавад, ба
қисмати «Истифодаи партовҳо» нигаред.
-
Барои пешгирӣ кардани расиши кӯтоҳи батареяҳо
пас аз баровардани онҳо аз таҷҳизот, нуқтаҳои
васли батарея бояд бо объекти металлӣ пайваст
карда нашаванд (масалан, тангаҳо, сархораҳо,
ангуштаринҳо).
527
Тоҷикӣ